Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо онлайн
- Як дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
- бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
- Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
- аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
- Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
- ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
- Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
- ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
- Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
- чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
- Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
- танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
- Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
- оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
- Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
- Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
- Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
- дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
- Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
- ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…
Пазироӣ
- Ман худамро мешиносам!
- Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,
- Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.
- Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам
- ҳавас дорад,
- Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.
- Ман худамро мешиносам!
- Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро
- ҷустуҷӯ дорам,
- Ҳарфҳоям бӯи деҳистону
- рафторам намуди деҳаро дорад,
- То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,
- Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу
- хонаи лоянд,
- Содаву бо ҳам қарину бериё, дилбанд.
- Тифлаке будам, падар аз дасти ман медошт,
- Шояд аз дасташ гузашт ин шоирӣ бар ман.
- Як дам аз шеъру ғазал дурӣ надидам ҳеч,
- Лаҳзае бар ин ҷудоӣ тоқатам ҳам нест,
- Ман худамро бо китоби панди Мавлоно,
- Бо шакаргуфториҳои Саъдии Шероз,
- Бо нигоҳи Ҳофизу бо дониши Сино,
- Бо насиҳатҳои Соиб мекунам пайдо.
- Ман худамро мешиносам, мекунам эҷод,
- Ишқ меорад ба лаб оҳанги зеборо.
- Гоҳ ғарқи олами беш аз тамоми ҳастии худ мешавам чун бод,
- Гоҳ баҳри сардии андешаҳое мешавам оташ,
- Гоҳ баҳри сабзии гулҳои дил обам,
- Аз азал хокию охир ҳамбари хокам,
- Дар замини кӯчаке монанди афлокам!
- Ман худамро мешиносам!
- Ин ҳанӯз андак,
- Худшиносӣ мекунам то лаҳзаи поён,
- Қуллаҳое ҳаст дар ман, худ намедонам,
- Бо гузашти умр як-як мешавад равшан.
- Мепазирам ман шуморо ношиносонам,
- Қуллаҳои ноаёни ошнои ман!