Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо онлайн

  • Садои хаста будани маро шунидани ту бас,
  • Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
  • Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
  • Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
  • Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
  • Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
  • Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
  • Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
  • Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
  • Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
  • Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
  • Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.

«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»

  • Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,
  • Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.
  • Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,
  • Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.
  • Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,
  • Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.
  • Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?
  • Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.
  • Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,
  • Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.
  • Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,
  • Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.
  • Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,
  • Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.
  • Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,
  • Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.
  • Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,
  • Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.

Падар

  • Ҳар замон аз буданам дар ин замин
  • Мешавам шодон, чу тифли безабон.
  • Менамоям шукри яздоне, ки ҳаст
  • Мекунам шукри тамоми ин ҷаҳон.
  • Рӯз то рӯз мерасам ман бар камол,
  • Аз набудиҳо нагаштам дарбадар.
  • То кунун ҳаргиз надидам ман завол,
  • Дар сарам чун соябон гардид падар.
  • Ёд дорам, ҳарфи абҷадро шабе,
  • Бо ҳазорон ранҷҳо омӯхтам.
  • Буд он устоди ман, шодон будам,
  • Гӯиё асрори ганҷ омӯхтам.
  • Пеш рафтан дар раҳи некўву ҳақ,
  • Он биёмӯхт, ин шиори зиндагист.
  • Ишқ варзидан ба илму маърифат
  • Як қадам бар давраи тобандагист.
  • Борҳо таъкид намуд, бар ман: – Писар!
  • Шоирӣ бар дӯши ту орад ғаме!
  • Лек, аммо, ман набитвонам падар,
  • Тарки шеъру шоирӣ кардан даме.
  • Дар раги ман хун занад туғён чу мавҷ,
  • Ин ҳамон хуне, ки дар рагҳои ӯст.
  • Гар расад рӯзе сарам бар тоқи авҷ,
  • Ин ҳама аз ранҷу захматҳои ӯст.

Ҷавонӣ

  • Ҷавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
  • накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
  • Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
  • надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
  • Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
  • Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.
  • Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
  • Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
  • Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
  • Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
  • На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
  • Ман аз теғе бимирам,
  •                                  к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
  • Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
  • Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
  • Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
  • Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
  • Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
  • Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
  • Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
  • чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
  • Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
  • Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
  • Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
  • бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.