Читать книгу Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо онлайн
- Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас,
- Мо намехоҳем бедодиву ҷанги ҳеч кас.
- Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
- Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
- Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
- Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
- Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
- Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
- Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
- Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
- Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
- Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
- Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
- Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
- Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
- Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…
«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»
- Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
- Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
- Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
- Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
- «Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
- Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
- Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
- Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
- Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
- Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
- Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
- Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
- Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
- – Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»
- Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад
- хаёли мо,
- Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
- Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
- Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
- Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
- Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
- Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
- Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
- Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
- Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
- Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
- Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
- чунон риндона фоли мо.
- Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
- гарон гардид,
- Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
- Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
- Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.